Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 3, 2015 14:04

 
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди
иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шариф Раҳимзода
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шариф Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№338
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Вазири нақлиёти
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
Асозода Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Асозода Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№339
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири рушди
иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳикматуллозода Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳикматуллозода Неъматулло Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№340
 
Ҳикматуллозода Неъматулло —
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳикматуллозода Неъматулло 7 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Москва ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1986-1987 аз техники шуъбаи меллиоратсия ва обтаъминкунии замини Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»-и Кумитаи давлатии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба сифати эксперти корхонаи хурди «Ориё»-и Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷиквнешторг», мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассис, сардори шуъбаи иқтисодии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ шуда фаъолият намудааст.
Аз ноябри соли 2012 инҷониб ба ҳайси муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2009 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2015 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
 
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири нақлиёти
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Ганҷалзода Ш.Р
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№341
ГАНҶАЛЗОДА ШЕРАЛӢ РАҲМОН
— Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон 15 январи соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1986 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии роҳҳои автомобилгард хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ҳамчун муҳандиси шӯъбаи кофтукови-лоиҳакашии роҳҳои автомилгарди Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипротранстрой» оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори гурӯҳи сметавию лоиҳакашӣ, сардори шӯъбаи бехатарии ҳаракати нақлиёти идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, сардори шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, ҷонишини сардори идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, ҷонишини сардори трести «Хатлонроҳ», сардори колоннаи автомобилӣ, ҷонишини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Хатлонроҳ», сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, раиси кооперативи истехсолии «Роҳсоз»-и шаҳри Душанбе ва муовини сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2009-2013 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Аз моҳи март то декабри соли 2013 ҳамчун муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2013 то ба имрӯз муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
 
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд озод
намудани Абдуназар Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуназар Хисрав бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№342
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд
таъин намудани Шафиев И.З.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шафиев Ислом Зиёбоевич иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№343
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод
намудани Абдуллозода И.Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№344
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
 шаҳри Истаравшани вилояти Суғд
таъин намудани Набизода Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Набизода Наим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№345
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ғончии вилояти Суғд озод
намудани Исмоилзода З.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№346
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд
таъин намудани Ҷӯраев Р. Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷӯраев Рустамбой Боймуродович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№347
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд озод
намудани Набизода Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Набизода Наим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№348
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд
таъин намудани Ёқубзода У.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ёқубзода Умар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№349
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод
намудани Раҳмонзода А. А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№350
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
таъин намудани Амонулло Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Амонулло Хайрулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№351

 

Февраль 3, 2015 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад