Фазои интихоботӣ дар Рашт гарм аст?

Февраль 19, 2015 13:58

                     Душанбе, 19.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Фазои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ, ки 1 марти соли равон таъйин гардидааст,  дар минтақаи Рашт гарм аст», мегӯяд Фузайлшо Идиев- раиси Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Рашт №12. 
           Фузайлшо Идиев афзуд, ки дар ҳавзаи мазкур чор номзад дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ вориди сабқат мегардад.
Инҳо раиси феълии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар конфронси якҷояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ аз гурӯҳи навоҳии минтақаи Рашт пешбарӣ гардидааст, инчунин се номзади худпешбар -Ғазалшо Шеров, аъзои ҲХДТ, Забеҳуллоҳ Эшонов- ҲХДТ ва Абдувалӣ Назаров, аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон мебошанд.
         Ҳавзаи якмандатаи интихоботии Рашт №12 дорои 195 қитъаи овоздиҳӣ буда, дар онҳо барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани интихоботи парлумонӣ тамоми шароитҳо барои раъйдиҳандагон фароҳам оварда шудааст. Дар ҳавзаи мазкур 127 ҳазору 259 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 4 ҳазору 56 нафари онҳо бори нахуст дар интихобот ширкат варзида,  ба номзади арзандаи худ раъй хоҳанд дод. Ҳамзамон Фузайлшо Идиев гуфт, ки 17 ҳазору 229 нафар аз ҳавзаи мазкур дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз Тоҷикистон қарор дорад. 
          Раиси Комиссияи ҳавзавӣ таъкид кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  интихобкунандагон маводи тарғиботию ташвиқотӣ паҳн шуда, инчунин барои раисону котибони қитъаҳои интихоботӣ семинарҳои  омӯзишӣ гузаронида шуданд. Мавсуф афзуд, ки   аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Рашт №12 нозирони хориҷӣ аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо боздид намуда, ба раванди корҳои омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ баҳои қаноатбахш доданд.
 
 

Февраль 19, 2015 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд