Фирори қочоқбарони афғон дар сарҳад
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 23 феврали соли равон дар минтақаи яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Отряди сарҳадии «Шӯрообод»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии воридшавии маводи мухаддир аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сарҳадбонони қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон амалиёти муштарак гузаронида шуд.
Қочоқбарони афғон ҳангоми убури ғайри қонунии сарҳади давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, сарҳадбонон мувофиқи талаботи оинномаи қӯшунҳои сарҳадӣ рафтор намуда, барои нигоҳ доштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ба осмон тир холӣ менамоянд, қочоқбарони афғон ба амри муҳофизони сарҳад итоат накарда, ба онҳо муқобилият нишон медиҳанд.
Сипас байни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолокӣ нишон доданд. Дар натиҷа қочоқбарони афғон аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқбари афғон бо 10 кг 600 гр афюн, 1 кг 500 гр героин ва як яроқи оташфишони Калашников бо 7 адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 ва ду адад норинҷак дарёфт шуд.
Дар айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» маркази матбуоти сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






