«Ганҷи Исфара»-маҳфили фарҳангӣ
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Маҳфили нахустини суханварони Исфара-«Ганҷи Исфара» дар Қасри шифокорони истироҳатгоҳи «Зумрад» баргузор гардид. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудири бахши рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа Собир Рустамов аҳли маҳфилро шодбош гуфта, шоир Акмалхӯҷа Акрамов аз ашъори худ барои аҳли маҳфил намунаҳо қироат кард, ки мавриди писанди ҳозирин қарор гирифт.
Қисмати дигари маҳфил ба ҳаёту эҷоди шоири ӯзбекзабони Исфара ва тарҷумони мумтоз Одил Икром бахшида шуд, ки ба 55- солагии зодрӯз ва 30- солагии оғози фаъолияти эҷодиаш рост омад. Зимнан бояд гуфт, ки Одил Икром дар муаррифии адабиёти тоҷик дар кишвари Ӯзбекистон саҳми назаррас дорад. Тарҷумаи ашъори Фурӯғи Фаррухзод, «Модарнома»-и Лоиқ, шеърҳои Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод, Озарахш, Озар маҳсули заҳматҳои ӯст. «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро тарҷума кардааст, ки дар дасти чоп аст. Ҳамчунин ашъори 70 тан аз шоирони муосири тоҷикро ба ӯзбекӣ баргардон кардааст, ки ҳамин сол дар Тошканд бояд ба табъ расад.
Одил Икром масъулияти хешро чун пайвандгари адабиёт шинохтааст ва дар ин ҷода устувор қадам мезанад.
Маҳфили «Ганҷи Исфара»-ро инчунин шеърхонии шоирон Исматуллоҳи Абдуллоҳ ва Нарзуллои Азизиён ва ҳунарнамоии ҳофизи шинохта Юсуфхӯҷаи Қурбон ҷило бахшид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






