Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон 21 млн. аст
Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Баррасии ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон мавзӯи асосии мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситҳ Бҳатттачарҷи гардид, ки 24 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.
Ҷонибҳо азми худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баён дошта, дар масъалаҳои ҳавасмандии ҷониби Ҳиндустон ба Созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон, инчунин омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ибрози назар намуданд.
Бояд зикр намуд, ки гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар дар соли 2014 ҳамагӣ 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҳсулоти содиротиро асосан доруворӣ ташкил дода, сохтори воридот аз маҳсулоти доруворӣ ва фармасевтӣ, гӯшти гов ва маҳсулот аз металлҳои сиёҳ иборат аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






