Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 12.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Ҳасанов маҳсуб меёфт, ки рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ дар шахри Душанбе доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барқарор намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Боку, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






