«Хайр” барои бозии плей-оффи Ҷоми КФО ба Лубнон рафт
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи «Хайр”-и Ваҳдат барои бозии плей-оффи Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 бо тими «Салом Ҷҳарта» ба Лубнон парвоз кард. Ғолиби ин бозӣ, ки 17-уми феврали соли равон дар пойтахти Лубнон — шаҳри Бейрут оғоз меёбад, ба ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 мушарраф мешавад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ҳайати дастаи «Хайр» 23 нафар дохил аст, ки 18 нафараш футболбоз аст.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) — 2015 байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Sheikh Russel Krira Chakra»-и Бангладеш, ки 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик хотима ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






