Хатлон: 109 ҳодисаи нохуши нақлиётии наврасон
Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар соли 2014 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз тарафи кӯдакону наврасон 109 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 22 нафар ҳалок ва 92 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Ин нукта зимни маҷлиси Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракати роҳҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон аз надонистани талаботи оддии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо рух додааст.
Инчунин сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ пеш аз ҳама, аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт, пиёдагардон, ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, аломатҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳҳо ба шумор рафта, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи раиси Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракати роҳ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А. Баҳодурзода ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






