Хатлон: Озмуни «Оилаи беҳтарин ва намунавӣ» дар соли 2015
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Соли оила эълон шудани соли 2015 ҷамъомад доир гардид.
Дар маҳфил намояндагон ва масъулини идораҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯҳониёни ин минтақа иштирок доштанд.
Маърифат Зоирзода- мудири Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иброз намуд, ки: «Танҳо дар соли 2014 дар вилоят 1894 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Мо аз зиёд гаштани сафи оилаҳои вайроншуда нигарон ҳастем ва бояд дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа, бо маслиҳату машварати ҳамдигар роҳи ҳалли ин мушкилотро дарёбем».
Иштирокчиёни дигари ҳамоиш андешаҳои худро оид ба мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ, пешгирӣ аз ҷудошавии ҷуфтҳо баён намуданд.
Зимни ҷамъомад масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят аз тасмими худ дар бораи баргузории озмуни нави «Оилаи беҳтарин ва намунавӣ» дар соли 2015 хабар доданд, ки дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлонзамин ҷараён хоҳад гирифт.
Маҳз ба хотири ҳифз ва пойдории оилаҳо, инчунин ба камол расидани насли солим Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 23 январи соли ҷорӣ пешниҳод кард, ки соли 2015 «Соли оила» эълон шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






