Хонандаи беҳтарини Чкалов муайян шуд
Душанбе, 28.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо мақсади дарёфти хонандаи фаъолу боистеъдод дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Чкалов озмуни «Хонандаи беҳтарин» гузаронида шуд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар даври шаҳрии озмун 7 нафар хонандаи беҳтарин аз ҳамаи таълимгоҳҳо, ки дар даври мактабии озмун ғолиб омада буданд, аз рӯи шартҳои кор бо компютер, ҷавоб ба саволҳои ғайримунтазира, намоиши дониш аз фанҳои дақиқ, қироати порчаҳои насрӣ доир ба Ватан, модар, забон ва шуғли дӯстдошта ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбаст хонандаи синфи 9- и гимназияи № 2 Нигина Аҳруллоева сазовори ҷойи якум, хонандаи синфи 10- и литсейи № 1 Муяссара Ҷалолова ҷойи дуюм ва хонандаи синфи 9- и гимназияи № 1 Искандар Абдураҳимов сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.
Ба ғолибони озмун китобҳо ва туҳфаҳои шуъбаи маориф супорида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






