Хуҷанд: Тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон
Хуҷанд, 16.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Роҳбари маркази матбуоти роҳбари шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Дадобоев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки самти асосии мақомоти шаҳр дар раванди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хосатан маъюбон- ин таъмин намудани онҳо бо лавозимоти аввалиндараҷа, аз ҷумла бо аробачаҳои маъюбӣ ба ҳисоб меравад.
Ба гуфти манбаъ, шуруъ аз оғози соли равон 5 нафар сокини шаҳри Хуҷанд бинобар маҳдудияти имконияташон барои дастрасӣ ба аробачаи маъюбӣ ба раиси шаҳри Хуҷанд мурочиат намуданд.
Дирӯз тибқи дастури шаҳрдор Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷониби масъулини мақомоти маҳаллӣ шахсони эҳтиёҷманд аёдат гардида, ба онҳо аробачаи маъюбӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






