Хуҷанд: Тақдими гувоҳнома ба беш аз сад нафар
Хуҷанд, 03.02.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази Суғд боз 100 нафар духтару бону курсҳои омӯзишии сохибҳунариро хатм намуд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” роҳбари бахши суғдии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Фирдавс Ашурматов иттилоъ дод, дирӯз дар маркази шимоли кишвар боз 100 нафар бонувону духтаракон, ки дар маркази омӯзишии дӯзандагиву сӯзанидӯзи, воқеъ дар бинои китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, пас аз хатми курсҳои соҳибҳунарӣ соҳиби гувоҳнома гардиданд, ки аз шумораи умум ба се нафари онон инчунин мошинаҳои дарздӯзӣ ҳадя шуд.
Дар чорабинӣ намояндаи фарҳангии сафорати Эрон дар Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд зикр намуд, ки омӯхтани касбу ҳунар барои ҳар як ҷавон асоси пешравию муваффақият, беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодист. Таъкид гардид, ки шахси боҳунар ҳамеша дар ҷомеа соҳиби иззату икром ва мақоми баланд буда, дар пешравию рушди ҷомеа нақши муҳим мегузорад.
Бояд гуфт, ки чанде қабл беш аз 100 нафар занону духтарони ноҳияҳи Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва шаҳри Чкалов низ соҳиби шаҳодатномаи хатм гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






