«Huaxin Cement Co., LTD» бо 250 миллион $ ду корхона месозад
Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Чин то охири соли 2016 дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон ду корхонаи нави истеҳсоли семент бунёд менамояд.
Дар ин росто 11 феврал Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ «Данғара»-ро ба тасвиб расонд.
Лочин Файзуллозода- муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки санади мазкурро дар назди вакилон тавзеҳ дод, гуфт, ки ширкати чиноии «Huaxin Cement Co., LTD» то охири соли 2016 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва МОИ-и «Данғара» бо сармояи беш аз 250 миллион $ ду корхонаи истеҳсоли семент месозад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як миллион тонна семент ва дар МОИ-и «Данғара 1, 2 миллион тонна семент мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳаҳо якуним ва ду солро дар бар гирифта, тибқи нақша корхонаҳо то охири соли 2016 сохта мешаванд. Дар мавриди ба кор шурӯъ кардани корхонаҳои мазкур 1000 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
«Ҳангоми сохтмони ин корхонаҳо 50%-и коргаронро шаҳрвандони Тоҷикистон ва 50% дигарашро коргарони чиноӣ ва дар сурати ба кор даромадани корхонаҳо 90%-и коргарони корхонаҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд», гуфт Акбар Ғуломов- мудири ширкати «Хуаксин -Ғаюр -Семент», ки дар ҷаласаи Парлумон иштирок дошт. Мавсуф афзуд, ки саҳмияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони корхонаи семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30% ва дар МОИ «Данғара» 45 %-ро ташкил дода, татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Акбар Ғуломов гуфт, ки танҳо аз ҳисоби корхонаи истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр Семент», воқеъ дар ноҳияи Ёвон дар соли 2014 аз рӯи тамоми намудҳои андоз ба маблағи 130 миллион сомонӣ ба буҷети кишвар ворид шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






