Иқдоми пеш аз интихоботии донишҷӯён
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба хотири фаҳмонидани моҳияти маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода -интихобот ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон бо ҷалби 200 нафар донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон имрӯз, 23 феврал дар маҳаллаҳои аҳолинишини наздикии донишкада ва бозори «Деҳқон» иқдом барпо гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева дар иқдом донишҷӯён ба манзили шаҳрвандон ва назди фурӯшандагон рафта, буклету варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, тарзи дуруст пур кардани бюлетенҳои овоздиҳиро нишон доданд. Қобили зикр аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 март дар сар то сари ҷумҳурӣ барпо мегардад ва дар он иштироки ҳар як шаҳрванди аз 18 сола боло зарур аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






