Иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ
Душанбе, 26.02.2015 (АМИТ «Ховар»).-24-25 феврали соли 2015 дар ҷараёни иҷлосияи 54 Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи миллии даврии дуюм ва сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои муқаррароти Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешниҳод намуд.
Ҳайати кишварамонро, ки аз намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии омор иборат аст, дар иҷлосияи мазкур вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам роҳбарӣ мекунад.
Паймони мазкур дар асоси қатъномаи 2200А-и Маҷмаи умумӣ аз 16 декабри соли 1966 қабул шуда ва тибқи моддаи 27-ум 3 январи соли 1976 эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Он фароҳам овардани шароитҳоеро, ки барои ҳар кас имконияти истифода бурдани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро таъмин менамоянд, пешбинӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Паймони байналмилалӣ 4 январи соли 1999 ҳамроҳ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






