Иҷозати вуруди дубора ба 217 нафар шаҳрванди Тоҷикистон
Душанбе, 12.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мутобиқи Протоколи ҷаласаи 9-уми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ аз 6 августи соли 2014, гурӯҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Русия таъсис дода шудааст, ки мутобиқи муқаррарот масъалаи додани иҷозати воридшавиро ба 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия манъ гардидааст, баррасӣ менамояд.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, то ин муддат дар заминаи ҳамкории гурӯҳҳои коршиносони тарафҳо масъалаи иҷозати воридшавии дубораи 140 донишҷӯ ва 77 нафар дигар табақаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Федератсияи Русия мусбат ҳал гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






