Иди ниҳол дар Кӯлоб
Кӯлоб, 21.02.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин). -Ҳамасола дар шаҳри Кӯлоб иди ниҳол баргузор мегардад, ки дар он хоҷагиҳои ниҳолпарвар, муассисаву идораҳои ободонӣ ва гулпарварии навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат мекунанд. Дар чорабинии имсола, ки бо иштироки даҳ ноҳияи минтақаи Кӯлоб баргузор гардид, 10 ҳазор ниҳоли мевадиҳанда ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон аз ҷониби муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб як намоиши зебои гулҳо таъсис дода шуд, ки ҳусни чорабиниро рангин намуд. Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло дар чорабинии мазкур иштирок карданд. Муовини аввали раиси вилоят оид ба дастуру супоришҳои Сарвари Давлат ҷиҳати эхёи боғҳои нав таъкид кард, ки мо бояд бозорҳои худро бо маҳсулотҳои хушсифати маҳалӣ таъмин намоем.
Гуфта мешавад, то имрӯз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бештар аз 45 ҳазор дарахти мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






