Ифтитоҳи мактаби замонавӣ дар Шӯрообод
Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Намояндагони Сафорати ИМА ва раиси ҷамоати зерноҳияи Сари Чашма Амирхон Икромзода дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон, аз соли 2011 Сафорати Амрико бо роҳбарияти ноҳияи Шӯрообод бо мақсади сохтани мактаб дар деҳаи Ҷилга ҳамкории наздик дошт. Мактаби нав ба кӯдакони деҳаҳои атрофу дурдаст барои гирифтани маълумот имконияти зарурӣ фароҳам овардааст. Акнун мактаби нави деҳаи Ҷилга метавонад 350 кӯдакро, ки ба маълумот дастрасӣ надоштанд, фаро гирад.
Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Амрико Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати вусъат додани дастрасӣ ба маълумоти ибтидоӣ дастгирӣ менамояд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарики муътабари Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






