Ифтитоҳи нахустин намоишгоҳи Ҳиндустон дар Душанбе
Душанбе,20.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз 20 ширкати ҳиндустонӣ, назири «Indo Russia Expo» , «A.P. Handicrafts» , «Godline International» , «Rahul Silver House» , «Khurram International», «Harsh Fashion», «Adhaar Creation», «Pink City Handicrafts», «Khan Creation», «Niyati Exports» , «Noor International» дар нахустин намоишгоҳ, ки дар «Кохи Борбад»-и пойтахт доир гардид, маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати намоишгоҳии «INDO RUSSIA EXPO» аз созмондиҳандагони намоишгоҳ маҳсуб меёбанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат намуда, баргузории ин чорабинии иқтисодиро қадами муассир дар тавсеаи равобити ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва ҷалби сармояи Ҳиндустон ба Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дахли равобити ҳасана миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон гуфт, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон манфиатдор аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои ҳиндустонӣ маҳсулоти нассоҷӣ, чармӣ, ҷавоҳирот, ороишот, атриёт, фармасевтӣ ва дигар маҳсулоти аз ҳунарҳои дастӣ тавлидшударо пешкаши тамошобинон ва муштариён гардониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






