Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Боғев

Февраль 7, 2015 10:41

Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дар деҳаи Боғеви  деҳоти «Сучон»- и ноҳияи Шуғнон чанде пеш толори варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Боғев соли 2011 бо супориши бевоситаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида,  дар муҳлати муқарраргашта бо сифати баланд анҷом дода шуд.
Толори мазкур бо маблағгузории давлатӣ аз ҷониби ташкилоти сохтмонии «Шариф» бунёд гардид. Барои бунёд ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани он беш аз 2, 2 миллион сомонӣ масраф   гардидааст.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар маросими мавриди истифода қарор додани ин иншоот гуфт, ки  соли 2014 дар қаламрави вилоят сохтмони беш аз 100 иншооте, ки аҳамияти иқтисодӣ- иҷтимоӣ доранд,  сохта шуд ва яке аз ин иншооти муҳташам толори варзишӣ мебошад.  Ин имконият фароҳам меорад, ки ҳар чӣ бештар ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш на фақат дар фаслҳои гарми сол, балки дар фасли зимистон ҳам машғул шаванд.

Февраль 7, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!