Имконоти ҳамкории байни Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 16 феврал раиси Палатаи савдо в а саноати Тоҷикистон Шариф Саид сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзовро ба ҳузур пазируфт.
Назар ба иттилои ПСС ҶТ, ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика, саноат, обёрӣ, нақлиёт, савдо, тиҷорат, ҳамкории байни палатаҳо ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар мулоқот раиси ПСС ҶТ аз ҳамкории зич бо Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон сухан карда, изҳор дошт, ки гуфтушунид дар мавзӯи барқарор намудани равобити тиҷоратии байни ниҳодҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорони ҳар ду кишвар идома дорад.
Зикр шуд, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсолот, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, густариши кооператсияи истеҳсолӣ дар сатҳи минтақаҳои ҳар ду кишвар, доду гирифти молҳои истеъмолии халқ ва ғайра имкониятҳои зиёде мавҷуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






