Интихоби мо бояд оқилона бошад!
Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”).-Якуми марти соли ҷорӣ маъракаи сиёсии ниҳоят муҳим-интихоботи парлумонии Тоҷикистон доир мегардад. Барои мардуми мо, ки сохти демократию дунявии давлатдориро интихоб намуда, ҷонибдори сиёсати созандагию ободкорӣ мебошад, интихоботи парлумонӣ аҳамияти бузург дорад. Ба ақидаи мо, бояд онҳое ба парлумони кишвар роҳ ёбанд, ки воқеан ватандӯсту тараққипарвар ҳастанд ва донишу қобилияти баланд барои фаъолият намудан дар ин самтро доранд.
Интихобот дар шароите мегузарад, ки вазъият дар аксари кишварҳои минтақа мураккаб буда, хатарҳои муайяне ба амнияту озодии Ватани мо таҳдид менамоянд. Созмону гурӯҳҳои террористӣ, ба монанди Ҳаракати Толибон, ДИИШ ва ғайра, ки дар Ироқу Сурия ва Афғонистон ба қатлу ғорат машғуланд, қасди дар Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон паҳн сохтани ақидаҳои даҳшатангези худро доранд. Мутаассифона, дар сафҳои ин гурӯҳҳои террористӣ шаҳрвандони гумроҳу мутаассиби Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Дар дохили кишвар низ баъзе неруҳои сиёсӣ ва нафароне мавҷуданд, ки ақидаҳои ифротию душманонаи гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ менамоянд. Онҳо худро ҳомии дину мазҳаб меҳисобанд, аммо дар асл мақсад доранд, ки ба ҷойи сулҳу озодӣ ва ободию тараққиёт ба кишвари мо торикию ҷаҳолат ва ғуломию қашшоқиро биёранд.
Аз ин хотир зарур аст, ки тамоми мардуми заковатманду огоҳи Ватани азизамон дар атрофи сиёсати сулҳовару созандаи Роҳбари кишварамон муттаҳид шуда, пеши роҳи чунин бадхоҳони ифротиро бо интихоби дурусти худ гирем. Нагузорем, ки ақидаҳои иртиҷоию мутаассиб дар кишвари мо доман зананд ва Ватани зебои моро дубора ба коми оташ бикашанд.
Солҳои охир, ҳангоме, ки мо аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон меоем, шоҳиди рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги иншоотҳои саноатию коммуникатсионӣ, пешрафти илму маърифат, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум мегардем. Ҳоло касе ин дастовардҳои Ватани моро инкор карда наметавонад. Мо итминони комил дорем, ки мардуми азизи Тоҷикистон ва хусусан онҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ ҳамчун муҳоҷир қарор доранд, ҳушёрию огоҳиро аз даст надода, дар интихобот оқилона ба ҷонибдории демократияю дунявият ва озодию траққиёт овоз медиҳанд.
Гурӯҳи зиёиёни тоҷикистонии муқими Русия








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






