Интихоби нодурусти кадрҳо- сабаби даст задан ба ҷиноят
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳафтаи гузашта вохӯрӣ намуданд.
Дар мулоқот маълум шуд, ки вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи кормандон ва шахсони масъули корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи ин мақомот дар давраи таҳлилӣ низ кам нагаштааст, ки ҳолати мазкур ташвишовар мебошад.
Тибқи иттилои Агентии коррупсия, дар соли 2014 аз ҷониби кормандони масъули мақомоти мазкур 9 ҷинояти коррупсионӣ бо ҷурми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, қаллобӣ, гирифтани пора ва хунукназарӣ содир шудааст.
Омӯзиш ва таҳлили хавфҳои коррупсия нишон дод, ки яке аз сабабҳои содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони масъул- ин интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқии онҳо мебошад.
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сабаби дигари ба ҷиноят даст задани кормандони масъули ин минтақаро дар дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ арзёбӣ намуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






