Интихобот-2015: Пагоҳ «Рӯзи хомӯшӣ»
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»). Аз соати 00:00-и 28-уми феврал дар Тоҷикистон «Рӯзи хомӯшӣ» — як рӯз пеш аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо оғоз мешавад.
Пас аз нимашаб дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамагуна таблиғот, барномаҳои ташвиқотии радиоӣ ва телевизионӣ, инчунин паҳн намудани онҳо дар ВАО-и чопӣ манъ мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи қонунгузории ҷории марбут ба интихобот ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгири номзадҳо (феҳристи номзадҳо) оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад.
Ба палатаи поёнии парлумон 63 номзад интихоб мегарданд: 41то аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 то аз феҳристи ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи интихоботии ягонаи ҷумҳуриявӣ.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






