Интихобот- маъракаи муҳими сиёсист
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-20 феврал устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти қудратӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар он Давлат Назаров, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия ва Раҳим Хоҷаев, муовини сардори раёсати молия ва иқтисоди ВКД, подполковники милитсия, Сарвар Холиқзода, муовини сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Ба иттилои котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева ҳадафи вохӯрии мазкур шарҳ додани моҳияти интихоботи дар пешистода, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва андешидани тадбирҳо оид ба бартараф намудани омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад, иброз дошт муовини ректор оид ба тарбия Лутфия Абдухолиқзода.
Давлат Назаров зикр намуд, ки новобаста ба чорабиниҳои пешгирикунанда ва корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, мутаассифона, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон сол аз сол рӯ ба болоравӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли соли 2014 аз тарафи ноболиғон 800 ва аз ҷониби ҷавонон 5 ҳазору 341 ҳолати содир гардидани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва аз ин шумора 82 ҷиноят аз тарафи донишҷӯёни макотиби олии кишвар содир гардидааст, ки ин нишондиҳандаҳои оморӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






