Интихобот муборак, ҳамватанони азиз!
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз тамоми мардуми ватандӯсти Тоҷикистон дар арафаи маъракаи сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз ин рӯ тамоми мардуми сулҳпарвари Тоҷикистони азизамонро ба ин муносибат табрику таҳният мегӯем. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон имрӯз дар тамоми гӯшаву канори дунё фаъолият доранд. Албатта, кӯшишу ғайрати Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҷавонони мо имрӯз дар тамоми мактабҳои олии давлатҳои гуногун таҳсил доранд. Ва мо аз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз тамоми ҷавонони тоҷики берун аз марз умед дорем, ки дар ин маъракаи сиёсӣ саҳми худро мегузоранд.
Мо ҳама медонем, ки имрӯз тараққиёти технологӣ хеле хам пеш рафтааст ва душманони Ватан метавонанд ба воситаи интернет ҳар гуна хабарҳои дурӯғу бӯҳтономезро пахш намоянд. Агар мо Ватани худро дӯст дорем, набояд ба чунин иғво ва амалҳо роҳ диҳем, чунки фарзандони диёр бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд ва Ватани азизамонро аз ифротгарони берунӣ ва дохилӣ ҳифз намоянд.
ВАТАНИ АЗИЗИ мо пас аз талошҳои зиёд истиқлолиятро ба даст овард ва ҳоло ин ном дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон садо медиҳад. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан cap мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Мо аз тамоми ҳамватанони азизамон умед дорем, ки ин маъракаи сиёсиро бо як ҳиссиёти ватандӯстона пешвоз хоҳанд гирифт. Вазифаи ҳар як инсон- ин муқаддас нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ мебошад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҳисоб меравад.
Пас, биёед Ватанамонро дӯст бидорем ва саҳми худро дар рушди он бигузорем.
Интихоби мо бояд оқилона бошад ва аз ҳамватанони худ умед дорем, ки ин маъракаи сиёсиро ба хубӣ ба анҷом расонанд.
Муовини раиси ҷамъияти
бурунмарзии тоҷикон «Сомон» дар шаҳри Екатеринбурги ФР
Зубайд Ёрибеков








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






