Иштироки дастаи футболи наврасон дар мусобиқаи Ҷопон-Осиёи Миёна
Душанбе, 02.02.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Тими мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷопон иштирок мекунад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар ин мусобиқа, ки «Варзиш барои фардои Ҷопон-Осиёи Миёна. Футбол барномаро иваз мекунад» (Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme) ном дорад, дар шаҳри Осака аз 23 то 30 март доир мегардад.
Интизор меравад, ки дар мусобиқа 10 даста ширкат кунад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа тими мунтахаби наврасони то 16-сола, ки онро Зайнидин Раҳимов сарварӣ мекунад, муаррифӣ хоҳад кард. Қаблан ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) барои иштирок дар ин мусобиқа ба федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъватнома ирсол кардааст.
Ёдрас месозем, ки дастаи мазкур моҳи сентябри имсол дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 иштирок мекунад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






