Истеъфои сармураббии «Регар-ТадАЗ» рад гардид
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Менеҷери клуби футболи «Регар-ТадАз» Носир Бобоҷонов хабари истеъфои сармураббии даста Алишер Ҳақбердиевро рад намуд.
Тавре ки мавсуф дар ин бора ба сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, қаблан тавассути якчанд нашрия дар ВАО хабаре паҳн шуд, ки сармураббии «Регар-ТадАЗ» Алишер Ҳақбердиев аз даста меравад. Менеҷери клуб Носир Бобоҷонов ин хабарҳоро гапи бофтаи рӯзноманигорон меҳисобад.
«Хабар оид ба истеъфои Алишер Ҳақбердиев ягон асоси воқеӣ надорад. Ин сафсата ва гапи бофтаи рӯзноманигорон аст. Ҳақбердиев дар вазифаи сармураббии клуби мо мемонад. Ман намедонам аз куҷо гирифта бошанд, ки гӯиё мо Алишерро ба истеъфо мефиристонида бошем. Ман бо рӯзноманигоре, ки дар ин мавзӯъ навиштааст, суҳбат доштам ва аз ӯ суол кардам, ки инро кӣ ба ту гуфт? Вай ба ман ҷавоб медиҳад, ки «ба ман ҳамин хел гуфтанд». Хандаовар аст, ин чӣ маънӣ дорад «ба ман ҳамин хел гуфтанд»? Пеш аз навиштан, бояд дурустии хабар таҳқиқ шавад», — гуфт Бобоҷонов дар мусоҳиба бо сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино ба иттилои сардори дафтари матбуоти клуб Музаффар Мадалиев ба торнамои расмии ФФТ хабар додааст, дар ин миён охири ҳафтаи гузашта барои нахустин бор дар соли нав ҷаласаи аъзои клуб доир шуд. Дар ҷаласа сармураббии металлургчиён Алишер Ҳақбердиев нақшаи кории дастаро барои моҳи дар пешистода фаҳмонида доданд. Регариҳо аз 3-юми феврал ҷамъомади омӯзишӣ-машқии нахустини худро оғоз карданд. Як рӯз пеш роҳбарияти клуб дар мувофиқа бо сарпарасти даста ба унвони ФФТ мактуб ирсол карданд, ки дар он иштироки «Регар-ТадАз» дар мусобиқаҳои мавсими футболи имсола тасдиқ мешуд. Сабқати аввал дар мавсими футболи имсола барои металлургҳо Ҷоми ФФТ мебошад, ки марҳилаи пешакии он аз 15 феврал шурӯъ мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






