Изҳороти ҷавонони ВМКБ
Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- «Мо ҷавонони баору номуси ВМКБ-ояндаи имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлати ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинем, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Мо бо ин ватани аҷдодӣ ва соҳибтамаддун ифтихор дошта, онро дӯст медорем ва ҳамеша дар сафи пеши созандагони ватан барои ояндаи дурахшони насли ҷавон ва созандагиву бунёдкории ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси он қадамҳои устуворона мегузорем.
Танҳо муҳаббат, самимият ва ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва зиракии сиёсиву ифтихори миллии мо ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти хоҷагии халқи мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Иштироки фаъолонаи мо таҳти шиори «Мо нисбати тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бетараф нестем», дар интихоботи навбати, шукргузорӣ ва ифтихори миллии моро нисбат ба ватани маҳбубамон инъикос менамояд.
Боварии комил дорем, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон барои амнияти комил, фазои сулҳу субот ва ваҳдату якдилии миллати тоҷик даст ба даст гирифта, аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид, созанда ва сипосгузор хоҳем буд ва ин фазоро доимо мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорем.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






