Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ
Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — 9-уми феврали соли равон дар ҷараёни пешбурди фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манзили истикоматии шаҳрванд Сардоров Латиф, соли таваллудаш, 1955, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор 2 адад таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад запали таркандаи норинҷаки дастиро дарёфт ва мусодира намуданд.
Мутобиқи нишондоди Сардоров Латиф маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Чумхурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати дехоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Яккачинор, бинои 142/2, ҳуҷраи 18 тааллуқ доранд.
Тибқи нишондоди шаҳрванд Сардоров Латиф, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли 1996 2 адад таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дўсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, ки дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.
Иловатан соли 2012 Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович ба Сардоров Латиф таъкид кардааст, ки лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт.
Дар давоми ин солҳо шаҳрванд Сардоров Латиф маводи зикрёфтаро пинҳон намудааст.
Нисбати факти ошкоргашта дар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович боздошт шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






