Кӯлоб барои баргузории интихобот омодааст
Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 марти соли равон таъйин гардидааст, дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд аст, мегӯяд Давлатшо Шарофиддинов, раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37.
Тавре ки Давлатшо Шарофиддинов иттилоъ дод, дар маҷмӯъ, дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 97 ҳазору 536 нафар раъйдиҳанда сабт шудааст, ки аз ин шумора 1 ҳазору 565 нафари онҳо бори нахуст дар интихобот ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ раъй хоҳанд дод.
Давлатшо Шарофиддинов таъкид кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон маводи тарғиботию ташвиқотӣ паҳн шуда, бо дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ таъминанд. Метавон гуфт, ки тамоми участкаҳои интихоботии воқеъ дар ҳавзаи Кӯлоб барои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






