Кӯлоб: Баррасии масоили оилавӣ бо ҷавондухтарон
Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирӯз муовини якуми раиси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ бо ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар доираи эълон гардидани соли 2015 ҳамчун соли оила мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои омӯхтани касбу ҳунар ва инчунин пешгирии роҳҳои пошхӯрии оила ва дигар масъалаҳои оилавӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар доираи сафари худ масъулини Кумита ва намояндагии он дар вилояти Хатлон мулоқоти навбатии худро бо собиқадорони ҷангу меҳнат, занон, омӯзгорон, ходимони дин, сарбозон, чавонон ва волидайни онҳо дар ноҳияи Восеъ доир карда, аз ҷавонон даъват намуданд, ки илм омӯзанд, бомаърифат шаванд, калонсолонро эҳтиром намоянд, аз таъриху фарҳанги давлати худ огоҳ гардида, Ватани худро аз самими қалб дӯст доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






