Кӯлоб: истифодаи самараноки замин
Кӯлоб, 28.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Корхонаи фаръии давлатии ниҳолпарварӣ ва сабзазоркунии шаҳри Кӯлоб чанд сол қабл дар тавозуни худ ду гектар замини корами обӣ дошт, ки бо сабаби баланд гардидани сатҳи обҳои зеризаминӣ имкони истифодаи онро надошт. Ниҳолҳои шинонида хушк шуда, дар давоми се сол натавонистанд аз ин қитъаи замин манфиат баранд.
Бо дастгирии раиси шаҳри Кӯлоб муассиса имкон пайдо намуд, ки техникаи заруриро ҷалб намуда, заҳкашҳои атрофи заминро тоза намояд. Қитъаи замини мазкур дар наздикии шаҳр воқеъ буда, баъди тоза намудани захкашҳо муассиса метавонад дар он ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳоро парвариш намуда, дар хиёбону гулгаштҳо кӯчат намояд. Бояд зикр намуд, ки бо тоза кардани захкашҳо обҳои зеризаминии заминҳои атрофи ин қитъа низ паст гардида, истифодаи самараноки он роҳандозӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






