Кӯлоб: омодагии ҷиддӣ ба интихобот
Кӯлоб, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба интихобот омодагӣ мегиранд. Дар комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯлоб №37 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба анҷом расонида шуда, ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ таъминанд. Ба гуфти Давлатшо Шарофиддинов, раиси ҳавзаи интихоботӣ дар участкаҳои интихоботӣ рӯйхати интихобкунандагон тартиб дода шуда, шиору овеза ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ омодаанд. Дар участкаи интихоботии рақами 10 дар интихоботи дар пешистода 2069 нафар овоз хоҳад дод, ки 82 нафари он бори аввал дар интихобот иштирок менамояд. Дар маҷмӯъ, дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 шумораи интихобкунандагон 97 ҳазору 536 нафарро ташкил медиҳад, ки 1565 нафараш имсол бори аввал овоз медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






