Кӯлоб: «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ»
Кӯлоб, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Аз 10 то 20 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди даставӣ миёни сохторҳои қудратӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ тахти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» идома дорад.
Мақсади гузаронидани мусобиқаи мазкур рушд, тарғиб ва ташвиқи варзиш, хусусан футбол дар байни ҷавонон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатӣ мебошад.
Дар анҷом ғолибон бо Ҷоми вазири корҳои дохилӣ ва ифтихорномаю туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






