Кӯшишҳо дар роҳи тарбияи ҷомеаи солим
Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). -Дар факултаи педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Дар роҳи тарбияи ҷомеаи солим» бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ» бо иштироки устодон ва донишҷӯён чорабинии тарбиявӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Пӯлод Саидов оид ба мавзӯи «Сабаб ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» гуфт, ки дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ нақши аҳли зиё, хусусан омӯзгорон назаррас аст, онҳо бояд пешсафи ҷомеа бошанд.
Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мавриди «Нигоҳи дини мубини ислом нисбат ба ҷавонони ифротгаро ва ҷудоихоҳ» зикр намуд, ки дар дини мубини ислом мақоми инсон баланд аст. Баъзан даъво мекунанд, ки ислом сабаби терроризм аст, вале дар асл экстремизму терроризм ба ислом ягон робита надоранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






