Кафили солимии хеш ва бунёдгари ҷомеаи солим гардед
Душанбе, 12.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Фидокор” ва ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” дар мактаби таҳсилоти умумии №11 дар байни хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарони онҳо машварати омӯзишӣ баргузор шуд. Дар машварат намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯҳшиносон ва ҳуқуқшиносон иштирок намуданд.
Кормандони агентӣ оид ба бунёди оилаи солим, ки ин оила метавонад пойдевори ҷомеаи солим бошад, ҳарф зада, ҷавононро даъват намуданд, ки нагузоранд, то ашхоси дигар бо тақдири онҳо бозӣ намоянд. Ба суханони ҳар фарди ҷудоиандоз гӯш наандозанд, ба пешниҳоди истифода ва истеъмоли ҳар гуна маводи шубҳанок ё ҳабҳое, ки дар бораи он маълумот надоранд, қатъиян “не” гуфта тавонанд, кафили солимии хеш ва бунёдгари ҷомеаи солим гарданд.
Дар машварат филми мустанади “Дидаи умед ”, ки ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” дар бораи ҳаёти кӯдакони душвортарбия ва онҳое, ки аз тарбияи падару модар дур мондаанд, омода кардааст, намоиш дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






