Камонкаши соҳибноми тоҷик
Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба 60 — солагии варзишгари номии тоҷик Зебунисо Рустамова дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Зимни ироаи паёми табрикӣ муовини якуми раиси вилоят Ҷ. Сангинов изҳор дошт, ки: «Маҳз ба воситаи маҳорати олии камонварии хеш ин варзишгари соҳибноми тоҷик шарафи на танҳо Тоҷикистон, балки собиқ Иттиҳоди Шӯравиро боло бардошта, ба мақоми Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардид” .
Ҷоиз ба зикр аст, ки Зебунисо Рустамова қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, қаҳрамони Аврупо, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал, қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, 15 карат чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 карат ҷоизадори чемпионатҳои Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ва ғолиби чандин мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ ба ҳисоб меравад.
Барои хизматҳои шоистааш дар рушди варзиш бо ордени “Нишони фахрӣ” ва медали “Барои меҳнати шуҷоатнок” мукофотонида шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






