КДАМ ҶТ: Боздошти нашъаҷаллобони тоҷику афғон дар сарҳад
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида зимни як амалиёти махсус кормандони фаврии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Шӯрообод пеши роҳи боз як ҷинояти вобаста ба маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз сабаби дар ҳолати пурзӯри муҳофизат қарор доштани сарҳади давлатӣ қочоқчиёни афғон нақшаҳои худро тағйир дода, дар минтақаи яке аз дидбонгоҳи отряди сарҳадии «Шӯрообод» аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори калони маводи мухаддирро интиқол дода, мехостанд, ки ба қочоқбарони тоҷик супоранд.
«Пас аз супоридан яке аз қочоқбарони афғон, ки ному насабаш бо сабаби халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот фош карда намешавад, дастгир гардид. Қочоқбарони тоҷик пас аз гирифтани маводи мухаддир бо воситаи мошини тамғаи «Нива», рақами давлатиаш С 5294 03 РТ тавассути деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Восеъ ва баъдан ба ноҳияи Ҳамадонӣ ҳаракат менамоянд.
Кормандони фаврии қӯшунҳои сарҳадӣ бо маълумоти мазкур зимни амалиёт дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон бо сабаби маҳдуд будани вақт, ба Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Восеъ хабар дода, барои пешгирӣ намудани интиқоли маводи мухаддир аз минтақаи сарҳадӣ бо пешниҳоди кормандони фаврӣ дар самтҳои эҳтимолияти ҳаракати қочоқчиён аз ҳисоби кормандони ШКВД-и ноҳияи Восеъ низ постҳои муваққатӣ гузошта мешавад.
Дар натиҷаи ин амалиёти махсуси муштарак, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тақрибан соатҳои 22:00-22:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар минтақаи деҳаи Ибрати ноҳияи Восеъ мошини тамғаи «Нива»-ро, ки онро шаҳрванд Насимов Хуршедҷон Маҳмадҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини Ҳамадонӣ идора менамуд, боздошт намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии мошин, аз бағоҷи он ба миқдори 1 кг 950 гр. героин ва 84 кг 500 гр. афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Оид ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд»,- хабар медиҳад сарчашма.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






