КДАМ ҶТ: задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Шаби 21 ба 22 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик ҳодисаи ғайриқонунии вайрон намудани хати сарҳад ба қайд гирифта шуд. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар яке аз дидбонгоҳҳои зери тобеияти отряди сарҳадии «Ишкошим» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сарҳадбонони тоҷик бо як гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро мехостанд ғайриқонунӣ убур намоянд, рӯ ба рӯ шуда, байни сарҳадбонони тоҷик ва вайронкунандагони хати сарҳад задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, дар натиҷаи ин задухӯрд қочоқбарони афғон ба амалҳои сарҳадбонони тоҷик тоб наоварда, аз торикии шаб истифода бурда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд.
Зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса 1 адад силоҳи АКМ-7.62 бо тирдон, 4 кг маводи мухаддири ҳашиш ва 1 адад камераи резинӣ дарёфт гардида, аз рӯи ҳодиса тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






