Китоби сол — 2014 ҷамъбаст гардид
Душанбе, 03.02.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии Китоби сол — 2014 ҷамъбаст гардид. Байни китобҳои 15 нафар довталаб — асарҳои Гулрухсор Дигар ишқ, Фарзона Девон, Кароматулло Мирзоев Зиндагӣ ҳам нафасе, Низом Қосим Хомасӯзон, Аламхон Кӯчаров Муҳаққиқи соҳибмактаб, Латофат Кенҷаева — силсилаи китобчаҳои бачагона ғолиб дониста, бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шудаанд.
Вазорат дар байни нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявиро таҳти унвони ВАО — муқобили коррупсия гузаронид.
Дар озмуни имсола рӯзномаҳои зерин Субҳи меҳнат — и ноҳияи Мӯъминобод, Насими Исфара — и шаҳри Исфара, Ҳақиқати Ховалинг-и ноҳияи Ховалинг, Садои Конибодом-и шаҳри Конибодом, Новый Хатлон — вилояти Хатлон, Согдийская правда — и вилояти Суғд ғолиб дониста шуда, бо дипломҳо ва мукофотҳои пулии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






