Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагӣ дар соли 2014
Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар соли 2014 ба 14,5 млрд сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорвопарварӣ ба 6,5 млрд сомонӣ баробар гардид. Рушди соҳаи мазкур нисбат ба соли 2013- ум мутаносибан 100,9 фоиз ва 112,4 фоизро ташкил дод.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савлои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 дар ҷумҳурӣ 1317,8 ҳазор тонна ғалладона, 372,7 ҳазор тонна пахта, 853,7 ҳазор тонна картошка, 1594, 5 ҳазор тонна сабзавот, 545,7 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ, 342,1 ҳазор тонна мева, 188,8 ҳазор тонна ангур, 198,8 ҳазор тонна гӯшт ( бо вазни зинда), 854,7 ҳазор тонна шир, 350 млн дона тухм, 6,8 ҳазор тонна пашм, 1,1 ҳазор тонна пилла, 3714,6 тонна асал ва 1,9 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.
Дар баробари ин, нисбат ба соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагӣ 5,4 фоиз, пахта 5,1 фоиз, картошка 23,5 фоиз коҳиш ёфтааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






