«Кока -Кола Ичечек А.С» дар Душанбе корхона месозад
Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ширкати туркии «Кока -Кола Ичечек А.С» дар ояндаи наздик дар Душанбе -пойтахти Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботиро бунёд менамояд.
Дар робита ба ин 11 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати туркии «Кока-Кола- Ичечек А. С» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботиро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Лочин Файзуллозода-муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Парлумон гуфт, ки ширкати «Кока-Кола Ичечек А.С» ҷиҳати сохтмони корхона оид ба истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ дар давраи аввали татбиқи лоиҳа 30 миллион $ ва дар давраи дуюм 20 миллион $, дар маҷмӯъ 50 миллион $ сармоягузорӣ менамояд. Дар сурати ба кор шуруъ намудани корхонаи мазкур беш аз 120 ҷойи кори нав ва 500 ҷойи кори ғайримустақим ташкил мешавад. Корхона дар як сол бо иқтидори 100 миллион литр маҳсулоти ғайримашруботӣ истеҳсол хоҳад кард.
Тибқи дурнамо дар давоми 5 сол корхона аз ҳисоби пардохтҳои андозӣ 20 миллион $ ба буҷети кишвар маблағ ворид менамояд. Буёнди корхонаи мазкур ба рушди иқтисодиёти кишвар, ворид намудани техника ва технологияи ҷадид, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки созишномаи мазкур 7 январи соли 2015 дар Душанбе ба имзо расидааст.
Мавриди зикр аст, ки ширкати туркии «Кока-Кола Ичечек А.С» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон фаъолияти густурда дошта, маҳсулоти ғайримашруботиро бо тамғаи байналмилалии «Кока-Кола» истеҳсол менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






