Коллеҷи милиса довталабонро қабул мекунад
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Назар ба иттилои ВКД ҶТ, коллеҷи милисаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро барои соли таҳсили 2015 — 2016 эълон мекунад.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки ба коллеҷ довталабон аз ҷумлаи ятимон, фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматиашон ҳалок шудаанд, ҳамчунин шаҳрвандони дигари Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Коллеҷи милиса барои ниҳодҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мутахассис тайёр мекунад. Таълимот дар коллеҷ бо истифода аз маблағҳои буҷа, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, ҷинс, забон ва вазъияти иҷтимоӣ сурат мегирад.
Барои таҳсил шахсони синнашон аз 15 то 20 — и дорои маълумоти миёнаи нопурра барои таҳсили чорсола, ҳамчунин синнашон аз 17 то 27 — и дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои таҳсили сесола қабул карда мешаванд.
Ҳангоми интихоби номзадҳо ба сифатҳои психологӣ, шахсию касбӣ, вазъи саломатӣ ва тайёрии ҷисмонии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Синни номзадҳо барои дохилшавӣ ба коллеҷ то вазъи 1 сентябри соли дохилшавӣ ба назари эътибор гирифта мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






