Конфронс: «Модар — чароғи саодати оила»
Душанбе, 13.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар дар вилояти Суғд конфронси илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Модар — чароғи саодати оила» гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки конфронси мазкур бо ҷалби васеи занону духтарон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардад.
Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
Дар робита ба ин Сарвари Давлати Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд: «Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






