Консерти «Дӯстии абадӣ»
Душанбе, 06.02.2015. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- 5 феврал дар шаҳри Душанбе консерти муштараки «Дӯстии абадӣ» — и ҳунарпешагони Тоҷикистону Чин баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо ибтикори сафорати ҶМЧ дар ҶТ, Вазорати фарҳанг ва Маркази фарҳангии «Конфутсий» — и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сянжун ҳозиронро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки иштироки теъдоди зиёди тамошобинон дар консерт далели фарҳанги Чинро эҳтирому пос доштани халқи тоҷик аст. «Соли нави Чин дар яке аз рӯзҳои аз 21 январ то 21 феврал оғоз меёбад, ки консерти имрӯзаамон маҳз ба ҳамин сана бахшида шудааст», — гуфт сафир.
Сафир зикр намуд, ки Чину Тоҷикистон фарҳанги ғанӣ ва таърихи тӯлонӣ дошта, Ҳукумати Чин барои таълими донишҷӯёни Тоҷикистон дар ҶМЧ ҳамаи шароити муфидро фароҳам меорад.
Дар консерт ҳунарпешагони тоҷик Фахриддини Малик, Меҳринигори Рустам, Тобиш Ҳилолӣ, Содиқ Наллоев ва Шарофат Усмонова, ҳамчунин муаллимону донишҷӯёни муҳассили Маркази фарҳангии «Конфутсий» ҳунарнамоӣ карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






