Кумаки Туркия ба нобиноёни Тоҷикистон
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз аз ҷониби ташкилоти «Рушд ва хамкории Туркия» (ТИКА) ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе таҷҳизоти мухталиф барои суръат бахшидан ба чопи китобҳои дарсӣ бо ҳуруфоти брайлӣ ва сабт намудани китобҳои гӯё ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ кумаки хайриявӣ расонида шуд.
Дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур муовини вазири маориф ва илми ҶТ Тоҷиниссо Маҳмадова, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қудратулло Қурбонов, ёрдамчии сафири Туркия дар Тоҷикистон, раиси ташкилоти «Рушд ва ҳамкории Туркия» (ТИКА) Мустафо Бутун, директори шуъбаи Оперейшен Мерси дар Тоҷикистон хонум Андрея Вогт ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе Холмад Тенгниев гуфт, ки ин гуна корҳои хайр аз ҷониби Туркия бори аввал набуда, чанде пеш низ ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе аз ҷониби Сафорати Туркия кумак, аз қабили хӯрокворӣ расонида шуд.
«Ғайр аз ин бояд зикр намоям, ки имрӯз байни директори шуъбаи Оперейшен Мерси дар Тоҷикистон ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкории 3 сола ба имзо хоҳад расид, ки ин созишнома тайёр кардани соҳибкорон аз байни нобиноён, навиштани нақшаи соҳибкорӣ, омӯзиши компютер ва забони англисӣ барои нобиноён, гузаронидани чорабиниҳои гуногунро дар байни нобиноён дар бар мегирад»,- гуфт Холмад Тенгниев.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






