Курси байналмилалии КФО дар Хуҷанд
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Аз 3-юм то 15-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд курси байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё оид ба барномаи мураббигии дараҷаи «С» доир мегардад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, курси мазкурро ҷонишини директори шуъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба маълумоти мураббигӣ Боир Игамбердиев роҳбарӣ мекунад.
Барои иштирок дар курс 27 нафар шунаванда номнавис шудааст, ки инҳо: Фаррух Бердиев, Ғайратҷон Нозимов, Бурҳонхӯҷа Баҳодуров, Аким Айдаров, Шарифҷон Зиёев, Маҳкамҷон Маҳкамов, Баҳриддин Сангинов, Аҳлиддин Юнусов, Анварҷон Шукуров, Маҳмадраҷаб Шарипов, Мансур Сангинов, Муродҷон Саломов, Сӯҳробҷон Сабуров, Руслан Раҳматов, Алишер Полвонов, Асатулло Нуруллоев, Зубайдулло Нуров, Фаррух Марофиев, Бахтиёр Холиқов, Ҷовидон Ҳасанов, Дилором Нусратуллоева, Зафарҷон Хотамов, Камолҷон Ҳакимов, Алишер Фозилов, Қобилҷон Умаров, Дилшод Аҳатов ва Дилшод Абдуллоев мебошанд.
Барномаи 14-рӯзаи курс аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ иборат аст. Баъди анҷоми курс шунавандагони барнома соҳиби сертификат оид ба иштирок дар курс ва муҷаввизи мураббигии дараҷаи «С»-и Конфедератсияи футболи Осиё мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






