Лимити барқ имсол дар зимистон лағв шуд
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Оғоз аз имрӯз, 27 феврал реҷаи маҳдудияти истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар комилан бекор карда шуд. Тавре ки пештар иттилоъ додем, Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор супориш дода буд, ки барқ ба аҳолии минтақаҳо то 19 соат дар як шабонарӯз интиқол дода шавад. Шуруъ аз 21 феврал аҳолии минтақаҳои кишвар аз соати 05-00-и субҳ то 24-00-и шаб бо барқ таъмин буданд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ бекор кардани лимити истифодаи барқ бо назардошти имконоти мавҷудаи шабакаҳои барқи кишвар, ки тайи 5-6 соли охир иқтидорашон нисбат ба замони шӯравӣ 1 ҳазору 20 мегаватт ё худ 24% афзуд, амалӣ гардид.
Сабаби имсол пештар бекор намудани реҷаи маҳдудияти неруи барқ дар кишвар, мавриди истифода қарор додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», агрегати дуюми неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва як силсила неругоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Котиби матбуотии ин ширкат пешгӯиҳои бархе аз коршиносонро дар мавриди зимни фарорасии сардиҳои минбаъда дар Тоҷикистон боз аз нав ҷорӣ кардани маҳдудият дар истифодаи неруи барқ нодуруст хонд
Хотиррасон мекунем, ки ҳамасола аз аввали моҳи октябр то моҳи апрел дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдудияти истифодаи неруи барқ ҷорӣ мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






