М.Ҳабибуллоев сармураббии «Равшан» таъйин шуд
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Маҳмадҷон Ҳабибуллоеви 49 — сола, ки дар мавсими соли гузашта дастаи «Далерон» — и Истаравшан бо роҳбарии ӯ медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буд, сармураббии қаҳрамони дукаратаи кишвар дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб таъйин шуд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи футболи «Регар — ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода бо роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев шаш маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардида, се маротиба Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овардааст. Маъруф Рустамов ва Ғайраталӣ Мираҳмедов дар клуби футболи «Равшан» ёвари Ҳабибуллоев мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пештар дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо соҳибкорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаи дар мавсими нав бо маблағ таъмин намудани дастаи «Равшан» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Иштирокдорони мулоқот номзадии узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқ директори ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» Музаффар Исоқовро ба вазифаи президенти нави клуби «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб дастгирӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






